Азм кун, эй боди субҳ, баҳри Худоро,
Азм кун, эй боди субҳ, баҳри Худоро,
Номаи Маҷнун бибар ба хаймаи Лайло.
Гӯй ба Ширин фироқномаи Фарҳод,
Гӯй зи Вомиқ салом хидмати Азро.
Боз расон орзуи зарра ба хуршед,
Боз намо иштиёқи қатра ба дарё.
Бо саги кӯяш бигӯ, ки дар дари давлат
Шому саҳар ҳеч ёд мекунӣ аз мо?
То сарам аз остони дӯст ҷудо шуд,
Не зи сар ҳастам вуқуфу не хабар аз по.
Чунки фитодам зи васли қадди баландаш,
Гӯӣ, ки афтодаам зи чархи муалло.
Боз магар дасти лутфи Ҳақ бирасонад
Носири афтодаро ба ҳазрати аъло.