Эй бод, бар салом зи мо он дарахтро,
Эй бод, бар салом зи мо он дарахтро,
Барге биёр булбули шӯридабахтро.
Ошиқ касе бувад, ки чу Маҳмуди покбоз
Хоки раҳи Аёз кунад тоҷу тахтро.
Рӯзе зи гиряам дили ту нармтар шавад,
Қатроти об рахна кунад санги сахтро.
Қадди ту дид дидаву бар хок рух ниҳод,
Ҳинду, шунидаам, ки парастад дарахтро.
Шаъмӣ ту, рахти Носири бедил дил асту ҷон,
Боз ой, то зи ишқ бисӯзем рахтро.