Чӣ нависаму чӣ гӯям сифати нигори худро,
Чӣ нависаму чӣ гӯям сифати нигори худро,
Ба забон чӣ гуна орам ғами рӯзгори худро?
Бизанам наво чу булбул, бикунам хурӯшу ғулғул,
Чу ба коми худ надидам гулу лолазори худро.
Ғами ман магар, нигоро, бихӯранд душманонам,
Ту ки дӯстӣ, нахӯрдӣ ғами дӯстдори худро.
Биравам ба сӯи сайдат, ки манам асири қайдат,
Ту магар намешиносӣ, санамо, шикори худро?
Ҳама заҳр буд соғар, зи дарун гулобу шаккар,
Ту шакар шудию додӣ ҳама заҳр ёри худро.
Зи нахуст қатра будам, зи ғамат шудам чу дарё,
Ба сиришк пур зи гавҳар бикунам канори худро.
Агар аз ғами ту Носир биравад диёри дигар,
Ба куҷо барад, надонам, дили беқарори худро.