Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Чанд пинҳон сӯзаму пӯшида дорам дудро,

Чанд пинҳон сӯзаму пӯшида дорам дудро, Дуд бар оташ куҷо пӯшида дорад удро. Ноларо, гирам, ки барбандам раҳи берун шудан, Чун ба ҷойи худ нишонам ашки хунполудро? То шуд ӯ ороми дил, як дам наоромидаам, То шуд ӯ мақсуди ман, гум кардаам мақсудро. Дарди ӯро кай кунам дармон, ки ҳар дам аз ғамаш Шодмониҳо физояд ҷони ғамфарсудро. Ман ба тарки ишқ дилро панд медодам, валек Лаззат аз Қуръон набошад тифли нохушнудро. Гӯядам ҳар кас, ки бигрифтӣ миёнаш дар канор, Бар ман, эй душман, чӣ бандӣ туҳмати нобудро! Носир аз рӯи ҷаҳон бе рӯи ӯ гардад малул, Бе Аёз он салтанат ҳосил нашуд Маҳмудро.