Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Чун ба карашма каж кунӣ тарфи кулоҳи хешро,

Чун ба карашма каж кунӣ тарфи кулоҳи хешро, Қиблаи оламе кунӣ рӯи чу моҳи хешро. Чарх кулоҳи офтоб аз сари рашк бифканад, Гар ту ба чарх барзанӣ акси кулоҳи хешро. Аз пайи он, ки то магар аспи ту пай бар ӯ ниҳад, Хоки дари ту кардаам рӯи чу коҳи хешро. Шоҳи парирухон туӣ, мо ҳама хайли ишқи ту, Ҳеч ғаме намехурӣ хайлу сипоҳи хешро. Майл ба ман намекунӣ, чист, бигӯ, гуноҳи ман, То ки ба узр бишканам садди гуноҳи хешро. Зулфи сиёҳи ту маро бедилу беқарор кард, Тоб чаро намедиҳӣ зулфи сиёҳи хешро? Ҷавру ҷафову саркашӣ бас кунию ситамгарӣ, Бо ту агар баён кунам ҳоли табоҳи хешро. Дидаи хунфишони ман ҳаст гувоҳи ҳоли ман, Гарчи ки хун бирехтам бе ту гувоҳи хешро. Ҳафт фалак бисӯзад аз синаи Носир, эй санам, Гар ба фалак бароварад шуълаи оҳи хешро.