Аз ақл нест пеши ту рафтан чароғро,
Аз ақл нест пеши ту рафтан чароғро,
Он беҳ, ки равғане бичаконад димоғро.
Бар рӯ мапеч силсилаи зулфи анбарин,
Бар орази тазарв манеҳ парри зоғро.
Эй бод, агар ба бурдани ҷонат рисолат аст,
Бар ту гирифт нест, бигӯ мо балоғро.
Коме зи умр гиру мадеҳ ройгон зи даст
Рӯзи висолу аҳди шабобу фароғро.
Зуҳҳод ҳуру ҷаннату Кавсар гузидаанд,
Мо шоҳидею ҷоми шаробею боғро.
Рӯзе, ки косаи сари Носир шавад аёғ,
Ҷон тоза гардад аз лаби лаълат аёғро.