Ҷоҳили кӯтаҳназар девона мехонад маро,
Ҷоҳили кӯтаҳназар девона мехонад маро,
Фосиқу дурдикаши майхона мехонад маро.
Шайхи азрақпӯш гар ҳошок месозад мурид,
Ҳамдами чангу дафу паймона мехонад маро.
Воизи қаллош, к–ӯ афсуни дардам мекунад,
Рӯзу шаб дар гӯши дил афсона мехонад маро.
Миннат Эзадро, ки ринди солики софиназар
Ошиқи ҷон бар дари ҷонона мехонад маро.
Носиро, мардона рав в–аз теғи душман сар матоб,
К–он санам соҳибдилу мардона мехонад маро.