Гар силсила ҷунбонӣ гесуи парешонро,
Гар силсила ҷунбонӣ гесуи парешонро,
Ошуфта кунӣ дилро, девона кунӣ ҷонро.
Дар савмаа гар бӯе пайдо шавад аз ишқат,
Аз хирқа бурун оранд сад мушрики пинҳонро.
Аз зулф мазан чавгон бар гӯйи занахдонат,
То гӯй зи сар созем мо он хами чавгонро.
Андоми ту гар бинад, аз хор кунад сӯзан
В-аз рашк бисӯзонад гул чоки гиребонро.
Худро ҳама шаб баста дар зулфи ту мебинам,
Таъбир намедонам ин хоби парешонро.
Ҳам об занам аз чашм, ҳам аз мижа ҷорӯбе,
Рӯзе, ки бурун ойӣ ороиши майдонро.
Дар хилвати васли ту кай роҳ барад Носир,
Ин хор чӣ кор ояд он саҳни гулистонро?