Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Эй чашми ту кашида абрӯйи чун камонро,

Эй чашми ту кашида абрӯйи чун камонро, Тире, ки мекушоӣ, аз мо талаб нишонро. Он дам, ки тири ғамза бар бедилон кушоӣ, Мурғ аз ҳаво дарояд аз баҳри ҷонфишонро. Ман дар миёни ҷонат чун най камар бибастам, То ту ба қасди ҷонам барбастаӣ миёнро. Аз сими оби дида ҳар чашми ман чу конест, Бо зулфи ту ба савдо бикшодаам дуконро. То чашми масти ту май нӯшад зи хуни ҷонам, Чун ҷом бар кафи даст бинҳодаем ҷонро. Боди сабо ҷаҳон шуд аз банди доми зулфат, Тарсам, ба як сари мӯй бандӣ ҳама ҷаҳонро. Номи ҳаё баровард борон, ки пеши рӯят Аз шарм мечакад хай хуршеди осмонро. Гар душманон чу савсан теғи забон кашиданд, Чун ғунча аз шикоят ман бастаам даҳонро. Носир, зи хуни душман гардад ҷаҳон гулистон, Гар ҳамчу теғи Ҳайдар рухсат диҳӣ забонро.