Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Наргиси мастат нишонад ҳамчу гул дар хун маро,

Наргиси мастат нишонад ҳамчу гул дар хун маро, Кай равад чун ғунча меҳри ту зи дил берун маро. Рӯи худ бар рӯ ниҳад субҳи абад Лайлӣ туро, Бӯсае бар сар занад рӯзи ҷазо Маҷнун маро. Ҳамчу гардунам зи дил берун наёяд меҳри ту, В-ар бигардонад ба сар меҳри ту чун гардун маро. Рондам оби чашми гулгун, рафт то хоки дарат, Зуд бо манзил расонад гармрав гулгун маро. Дар паси девори узлат тангдил биншастаам, Ҳамчу соя чанд коҳад меҳри рӯзафзун маро? Ман сари воиз надорам, мутриб, оҳанге бисоз, К–аз раҳи афсона дигар худ махон афсун маро. Дӣ сиришкам гуфт: Носир, рехтам хуни дилат, Бар дари дилдор метарсам, ки гирад хун маро.
Наргиси мастат нишонад ҳамчу гул дар хун маро, | Шоирон