Дӯш омад рухи зебои ту дар хоб маро,
Дӯш омад рухи зебои ту дар хоб маро,
Сел аз дида равон гашту бибурд об маро.
Танам аз заъф чунон шуд, ки намеёфт дигар
Ақл, ҳарчанд ки меҷуст ба маҳтоб маро.
Дар сари зулфи ту бастам дилу медонистам,
Ки шавад кор чу шогирди расантоб маро.
Ман аз он рӯз, ки абрӯи ту дидам чун моҳ,
Рӯй дар қибла шуду чашм ба меҳроб маро.
Носир, аз хоки дари дӯст маҷӯ ҳеч мурод,
Ки гушод аз назари ӯст дар ин боб маро.
Боз кори дили ман бо шаби ҳиҷрон афтод,
Вақти он аст, ки падруд кунад хоб маро.