Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Он сиёҳҷурда, ки хуршед ғулом аст ӯро,

Он сиёҳҷурда, ки хуршед ғулом аст ӯро, Нури чашм аст, ки дар дида мақом аст ӯро. Ҳеҷ кас нест, ки пинҳон назараш бо ӯ нест, То назар бо кию хотир ба кадом аст ӯро. Офтобест рухи ӯ, ки заволеш мабод, Ҳар саҳар матлаи иқбол ба шом аст ӯро. Чашми ӯ мехурад аз хуни дили мо бода, Эй хуш он маст, ки ин шева мудом аст ӯро. Моҳ дар дил зи ҳавои ту нишоне дорад, Заррае партави меҳри ту тамом аст ӯро. Ҳар кӣ рӯзе шаби ҳиҷрони туро дарёбад, Хун ҳалол аст, вале хоб ҳаром аст ӯро. Ҳаббазо, хандаи соғар, ки мудом аз лаби ёр Давр дар гардишу айём ба ком аст ӯро. Ин ҳама ҳаст, вале заҳра надорад Носир, То бипурсад зи рақибон, ки чӣ ном аст ӯро.