Мекашад ишқи ту сӯи худ дили девонаро,
Мекашад ишқи ту сӯи худ дили девонаро,
Ҳаст сӯзе, к–ӯ ба шамъе мекашад парвонаро.
Сели чашмам рафту вайрон кард бунёди дилам,
Чун зи дарду ғам нигаҳ дорам ман ин вайронаро?
Майли холат дораму андешаам аз зулфи туст,
Мурғи зирак холӣ аз доме надонад донаро.
Шона зулфатро ба дандон меканад, беҳуда нест,
То чӣ дандон аст бо зулфи ту гӯӣ шонаро.
Оқибат мирему заҳмат аз сари кӯят барем,
Чанд хоҳӣ ронд бар мо, охир, ин миронаро?
Оқил андар худнамоӣ рафту ман дар бехудӣ,
Зоҳидон тасбеҳ бинмоянду ман паймонаро.
Дида гар бандам зи хубон, чун кунам табдири дил?
Бастани дар ҳеҷ монеъ нест дузди хонаро.
Сӯхтам з–ин ғам, ки боз он ошно бегона шуд,
Чун тавон кард ошно бо хештан бегонаро?
Носир аз ҷонон нахоҳад доштан ҷонро дареғ,
Халқ ҷонро дӯст медоранду мо ҷононаро.