Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Соқӣ, биёр ҷоми шароби муғонаро,

Соқӣ, биёр ҷоми шароби муғонаро, Мутриб, бигӯ, бизан ғазали навтаронаро. Поён мабод даври қадаҳро, ки зиракон Поён надидаанд ҷафои замонаро. Воиз, магӯ, ки маст наёбад қабули ёр, Ман тифл нестам, ки харам ин фасонаро. Имшаб нишон нигар, ки бар он дар гиристам, Олудаам ба хуни ҷигар остонаро. Ман дар хумор тавба зи май кардаам, вале Пири муғон намешунавад ин баҳонаро. Мурғе, ки дар муҳаббати анқо ҳамепарад, Сӯзад дар оташи пари худ ошёнаро. Носир, агар ягона нагардӣ зи ҳар ду кавн, Майли қабули ту нашавад он ягонаро.