Саломи ман бирасон, эй сабо, Бухороро,
Саломи ман бирасон, эй сабо, Бухороро,
Бигӯ таҳийяти Маҷнун диёри Лайлоро.
Зи Кӯҳкан хабаре сӯи қасри Ширин бар,
Ки дил гирифт ба кӯҳ он ғариби танҳоро.
Агар саодати дидори ёри ман бошад,
Тақаррубе бинамоӣ мақоми аълоро.
Адо кунӣ ба адаб бандагию хидмати ман,
Агар қабул бувад ошиқони шайдоро.
Ба пои новаки ӯ сар ниҳию арза диҳӣ
Ниёзи мардуми чашми ман он кафи поро.
Гар аз дами ту маломат бад-ӯ наёбад роҳ,
Бигӯй ин қадар он шӯхчашми раъноро.
Ба даври ҳусни ту ҷамъияте надорад дил,
Чу зулфи хеш мушавваш мадор дилҳоро.
Дилам зи ёди ту як дам намешавад холӣ,
Туро чӣ шуд, ки фаромӯш кардаӣ моро?
Ба зери бори дилу оби чашми худ мондем,
Бурид менатавонем кӯҳу саҳроро.
Аз он замон, ки ман аз дӯстон ҷудо мондам,
Ҷудоӣ аст зи ҳам бандҳои аъзоро.