Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

То зи борикӣ миёнат тоб доди мӯйро,

То зи борикӣ миёнат тоб доди мӯйро, Сабза пеши хатти ту бар хок молад рӯйро. Ту чӣ ғам дорӣ, агар селоби ашкам меравад, Чун ман аз хошоки роҳе камтарам ин кӯйро. Бар вафодорони худ ҳар дам занӣ теғи ҷафо, Кас нишон надҳад бад-ин тундию тезӣ хӯйро. Дидаро дар ҳаҷри ту аз хуни дил тар сохтам, Сарви ман, бар дида биншон қомати дилҷӯйро. Дӯш май хӯрдию имрӯз аз хуморӣ саргарон, Аз даҳонат дар саҳаргаҳ бурдаам ин бӯйро. Гар ту бар гӯйи занахдон мезанӣ чавгони зулф, Саҳни майдон аз саводи дида созам гӯйро. Санги таъна то ба кай Носир хурад дар кӯйи ту, Эй гули хушбӯ, чӣ ронӣ булбули хушгӯйро?