Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дареғ охир зи рӯйи ман чӣ медорӣ нигоҳеро,

Дареғ охир зи рӯйи ман чӣ медорӣ нигоҳеро, Расад хуршед бар девору бинад рӯйи коҳеро. Бисӯзад бар сари оташ чу анбар зулфи мушкинаш, Агар дар кори маҳрӯён кунам як рӯз оҳеро. Ба болоят нахоҳам кард ҳаргиз сарвро нисбат, Ки андар маърази мӯе бақо набвад гиёҳеро. Гунаҳ кардам, ки бӯсидам даҳонат в-ар равам дӯзах, Ба сад ҷаннат харидорам чунин ширин гуноҳеро. Ба бӯса гуфтам аз лаълат ситонам доди худ, аммо Ту ҳайрон мондаӣ бисёр чун ман додхоҳеро. Чӣ гӯӣ панд, эй аҳли саломат, бо мани гумроҳ, Ки ман бе шоҳиду мутриб наёбам рӯю роҳеро. Зи Носир доман андар чид аз нахват саги кӯят, Ки оре бошад, оре, аз гадое подшоҳеро.
Дареғ охир зи рӯйи ман чӣ медорӣ нигоҳеро, | Шоирон