Дар майкада май дар хуме мегуфту мезад ҷӯшҳо,
Дар майкада май дар хуме мегуфту мезад ҷӯшҳо,
То ман зи дурдӣ нагзарам, наншинам он гаҳ босафо.
То ман нагардам лаългун, н-оям зи иллатҳо бурун,
Гирди даҳони нозукон гаштан намешояд маро.
Гар бо мухолиф мерасам, тундиву тезӣ мекунам,
Пеши ҳарифи хештан ҳастам ҳама нӯшу шифо.
Чун шуд сабӯ аз май тиҳӣ, пур гашт аз мо ботинаш,
Ҳар дам ниҳад сар бар замин, кибраш намонд аз кибриё.
Он абр дар дарёкашӣ мебуд аз он рӯ сели ӯ,
Сармасту ғалтон меравад, сарро намедонад зи по.
Аз ҷоми заррини малак зарра ба бӯйе маст шуд,
Гаҳ чарх мезад дар замин, гоҳе муаллақ дар ҳаво.
Хумҳо ба дасти ҷоми май пайғоми Носир медиҳанд,
Гар завқи ҳастӣ боядат, сарро бинеҳ бар пойи мо.