Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ҳама бар қадди баланди ту бувад ҳиммати мо,

Ҳама бар қадди баланди ту бувад ҳиммати мо, Гар диҳад даст, зиҳӣ ҳиммати бо рифъати мо. Шаби ҳиҷрон бигузашту саҳари васл расид, Панҷ навбат бизан, эй бахт, ки шуд навбати мо. Мекунам хидмати ту, он чи маро даст диҳад, Чӣ кунам, лоиқи қадрат набувад қудрати мо. Шоҳидон рӯи худ аз сурху сапед ороянд, Мо шаҳидему зи хок асту зи хун зинати мо. Офтобам, накашам миннати кас як зарра, Пушти афлок дуто мешавад аз ҳиммати мо. Ба зиёратгаҳи Носир агар оӣ рӯзе, Алами ишқ бибинӣ ба сари турбати мо.