Моили ишқи харобот аст ақли пири мо,
Моили ишқи харобот аст ақли пири мо,
То чӣ орад бар сари мо пири бетадбири мо.
Ман ба ҷуз тақдир тадбире надонам ишқро,
Инчунин рафта-ст гӯӣ дар азал тақдири мо.
Ишқро иксир агар гӯянд, ваҷҳи зоҳир аст,
Ваҷҳи зар аз чеҳраи зард аст дар иксири мо.
Кай дили девона дар олам бимонад пойбанд,
Ҳалқаи зулфи бутон гар нестӣ занҷири мо.
Дар иборат чун намеояд камоли ҳусни ёр,
Қосир омад аз баёни васфи ӯ тақрири мо.
Дар дили тангам намегунҷад хаёли рӯи дӯст,
Нест дархурди хаёлаш синаи дилгири мо.
Ошкоро гардад ин зуннори габрӣ дар миён,
Оташи мо гар бисӯзад хирқаи тазвири мо.
Мо басе тақсирҳо кардем, аммо лутфи дӯст
Узр гӯяд аз забони афв бар тақсири мо.
Носир аз саҳви қалам дар хат агар орад хато,
Ёр хат дармекашад бар хомаи таҳрири мо.