Гирифт мулки дилам ҳусни дилситони шумо,
Гирифт мулки дилам ҳусни дилситони шумо,
Ба ҷойи ҷони манӣ, ҷони мову ҷони шумо.
Ба тангнои даҳони ту ҷойи лутф набуд,
Дақиқ шуд сухан аз тангии даҳони шумо.
Зи ҷой рафт дили танги ғунча чун савсан,
Ба гӯши гул сухане гуфт аз забони шумо.
Садаф шавад зи гуҳар, гӯши ҳар кӣ дарёбад
Ҳадиси лаъли дурахшони дурфишони шумо.
Басе дақиқаи борик меравад чун мӯй
Миёни чашми заъифи ману миёни шумо.
Ба хидмати дари ту даркашида ҳалқа ба гӯш,
Ниҳодаам сари тоат бар остони шумо.
Ба бӯи боди сабо ҷон ҳамедиҳад Носир,
Ки ҳаст раҳгузари ӯ ба бӯстони шумо.