Эй хиҷил гул зи рангу бӯйи шумо,
Эй хиҷил гул зи рангу бӯйи шумо,
Сурх гашта зи шарм рӯйи шумо.
Сарви ман, то ту бар лаби ҷӯӣ,
Обрӯест оби ҷӯйи шумо.
Эй ки ту орзуи ҷони манӣ,
Сӯхт ҷонам дар орзуйи шумо.
Устухоне шудам, магар афтам
Дар қабули сагони кӯйи шумо.
Навбаҳор асту лолаҳо аз хок
Барзада сар ба ҷустуҷӯйи шумо.
Савти мурғону гуфтаи Носир
Набувад ғайри гуфтугӯйи шумо.