Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

То ҷаста барқи рӯят аз акси ҳусни зебо,

То ҷаста барқи рӯят аз акси ҳусни зебо, Афтода шуълаи ӯ дар хирмани дили мо. Тоби таҷаллии ҳусн ҷуз ишқи мо надорад, Муҳкамтар аст бо ту аҳдам зи санги хоро. Дар фақр агар надорам ҷуз чеҳраи ту ваҷҳе, Аз ҳимматам набошад ҷуз қомати ту боло. То дид ҳусни рӯят, Лайлӣ шуда-ст Маҷнун, То бохт нарди ҳуснат, Вомиқ шуда-ст Азро. Гар ҷону дил ситонӣ, ошиқ чӣ бок дорад, Гар болу пар бисӯзад, парвонаро чӣ парво? Дар пои давлат афтам, бошад, сарам расонад Бар хоки остонат, яъне ба чархи аъло. Ҷонам дар ин таманно ояд бурун, валекин Ҳаргиз бурун наёяд аз ҷонам ин таманно. Зоҳид агар ба фардо савдои нася дорад, Ман ёфтам зи ишқат имрӯз нақди фардо. Носир ба хуни дида мепарварад хаёлат, Дурре бад-ин бузургӣ набвад ба ҳеч дарё.