Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Оқибат раҳме кунад бар дарди мо дармони мо,

Оқибат раҳме кунад бар дарди мо дармони мо, Бандагони хешро ёд оварад султони мо. Гар нахоҳад буд васли ёри мо андар биҳишт, Лоҷарам боғи ҷинон хоҳад шудан зиндони мо. Ту зи васли хештан ҳаргиз наяфтодӣ ҷудо, Зоҳиран воқиф наӣ аз оташи ҳиҷрони мо. Ҳамчу мум аз оташи ғам мегудозад шамъи дил, Қатра-қатра мечакад аз дидаи гирёни мо. Гарчи абр аз чашми мо доим фишонад сели хун, Ҳеҷ гул дар бар намеояд аз ин борони мо. Мо сару сомони худ дерест то гум кардаем, Эй маломатгӯ, чӣ меҷӯӣ сару сомони мо?! Зуд мешуд Носир аз танҳоию ғурбат ҳалок, Гар хаёли ӯ набудӣ ҳар шабе меҳмони мо.