Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Биё, ки шоҳнишин аст садри синаи мо,

Биё, ки шоҳнишин аст садри синаи мо, Бибин ҷавоҳири манзума дар хазинаи мо. Бар оби дида гузар доштам ба рӯзи видоъ, Ба мавҷи хуни ҷигар ғарқ шуд сафинаи мо. Шароби лаъли ту дорем дар зуҷоҷаи чашм, Мунаввар аст ба рӯи ту обгинаи мо. Маро висоли ту дӣ буду ҳаҷри ту имрӯз, Зиҳӣ харобии имрӯзу завқи динаи мо. Зи меҳри рӯи ту Носир таваққуъ он дорад, Ки ҳеҷ гоҳ набандӣ камар ба кинаи мо.