Дӯш медидам дили гумгаштаи худро ба хоб,
Дӯш медидам дили гумгаштаи худро ба хоб,
Аксараш хун буд ҷое оташу ҷое кабоб.
Ман ба худ мегуфтам, ин шакли дили реши ман аст,
Ё маи лаъл аст, ҷояш карда аз ёқути ноб.
Ё магар ғунча-ст, к-аз боди абиромези субҳ
Тоза шуд ҷонаш, зи рӯ бардошт зангори ниқоб.
Ақли дурандеши ман гуфто сипанде сӯхтаст,
К-аз тафи оташ ба якбор омад андар изтироб.
Дил шунид овози ман, бишнохт, гуфт: Эй сустаҳд,
Нест аз ёрон фаромӯшӣ раво дар ҳеч боб!
Гуфтам: Эй мискин, куҷоӣ, мурдаӣ ё зиндаӣ?
Чанд гоҳ аз мо чаро кардӣ ба куллӣ иҷтиноб?
Гуфт: Рӯзе бод зулфи ёри ман дар ҳам шикаст,
Печутобам рафт, дарпечидам андар печу тоб.
Гуфтам: Он ҷо вақти ту чун асту ҳолат чист? Гуфт:
Ҳамчу зулфи ӯ парешон, ҳамчу чашми ӯ хароб.
Гуфтамаш: Аз чашми Носир об бар оташ бизан,
Гуфт: Метарсам, ки дар ҷӯш оядам дарёи об.