Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Бар оби кор беҳ, ки бисозем кори об,

Бар оби кор беҳ, ки бисозем кори об, К-ин баҳри сарнигуни фалак нест ҷуз сароб. Ман масту ринду он гаҳе даъвии ақлу илм, Бунёди кори ақл зи мастӣ шавад хароб. Сӯфӣ надошт дард, ки дурде накард нӯш, Соқӣ, биёр май, ки сафо нест дар шароб. Хӯрдӣ шаробу рӯйи ту афрӯхт оташе, То аз барои нуқл ҷигарҳо кунад кабоб. Бояд, ки уд гӯш ниҳад бар самоъи ӯ, Чандон ки сайр дорад дар гӯшҳо рубоб. Раҳ дар саводи дидаи ман хобро намонд, Бо ту кӣ хоб дораду бе ту кирост хоб?! Носир, бинӯш бодаву то даст медиҳад, Аз рӯйи хуб ҳамчу сари зулф рух матоб.