Чашми ту сар барнамедорад зи хоб,
Чашми ту сар барнамедорад зи хоб,
Маст дар меҳроб менӯшад шароб.
Аз даҳонаш кас намеёбад нишон,
Зарра нопайдо бувад дар офтоб.
Ғамзаи шӯхат ба яғмо бурд дил,
Турки масте кард шаҳреро хароб.
Пеши чашмат дил бар оташ мениҳам,
Рост хоҳам кард мастонро кабоб.
Ҳар варақ нақши ту дорад, лоҷарам
Айши гулро тоза медорад гулоб.
Бонги булбул аз ҳазорон даргузашт,
Гул ҳаме аз сад яке гӯяд ҷавоб.
Булбуле бардорад аз ҳар сӯ нафир,
Гар чу гул бардорӣ аз рӯят ниқоб.
Хезу дардеҳ як дам обам, соқиё,
То нишонад оташамро як дам об.
Нокасе ҳамчун маро худ ҳеҷ кас
Дар ҳисобе н-оварад рӯзи ҳисоб.
Носир андар хоб кай бинад туро,
Хобро чун ӯ намебинад ба хоб.