Чашми ӯ маст асту дар мастӣ шуда махмури хоб,
Чашми ӯ маст асту дар мастӣ шуда махмури хоб,
Дида гар бар ҳам занад, бунёди ҷон гардад хароб.
Бо лабаш гуфтам ҳадиси бӯса, шуд сурх аз ҳаё,
Ин сухан омад гарон бар лаъли ӯ, н-овард тоб.
Тез мекардам назар дар офтоби рӯйи ӯ,
Гар нагаштӣ чашми ман аз акси рухсораш пуроб.
Азми рафтан кард дилбар, гуфтамаш таъҷил чист?
Гуфт: Ман умри туам, худ расми умр омад шитоб.
Номае, гуфтам, ба хуни дил нависам пеши дӯст,
Боз мегӯям, ҳадиси мо нагунҷад дар китоб.
Кори ман чун зиндагӣ гардад ба як паймона рост,
Ман лаби худро наёлоям ба дарёи шароб.
Аз дили Носир кабобе мекунад чашмаш, вале
Масту лояъқил шуда-ст он турк, месӯзад кабоб.