Гар кушоӣ абри бурқаъ аз ҳаё гардад гул об
Гар кушоӣ абри бурқаъ аз ҳаё гардад гул об
В-аз ҳаводорӣ фишонад бар гули рӯят гулоб.
Бурқаъе даркаш, ки рӯятро бисӯзад дил зи меҳр,
Аз латофат з-офтоб, оре, пазирад офат об.
Лаъли ту шаҳд асту ояд шаҳд ширинтар ба ком,
Чашми ту фитна-сту бошад фитна некутар ба хоб.
Холи ту дар зулф пинҳон - донае андар сипанд,
Лаъли ту дар ханда пайдо - заррае дар офтоб.
Гар бипечам бар ту худро, одати мӯяст печ
В-ар битобӣ рӯй аз ман, лозими моҳ аст тоб.
Тури ҳастӣ шуд ҳиҷоби кӯҳи Тури нестӣ,
Шуълаи барқи таҷаллӣ ку, ки сӯзонад ҳиҷоб!
Чун маоби ҳусн дар олам муқаррар иззат аст,
Нест Носирро ба ғайр аз кӯи ту ҳусн-ал-маоб.