Рафтем аз диёри ту бо дидаи пуроб,
Рафтем аз диёри ту бо дидаи пуроб,
Чун зулфи ту мушаввашу чун ҳоли ту хароб.
Маҳмил мабанд бар шутур, эй сорбон, ки мо
Маҳмил бар оби дида бибастем чун ҳубоб.
Ашкам дар остин шуду мегирадам инон,
Корам ба по фитоду гарон меравад рикоб.
Эй дида, дарди сар мадеҳу оби мо марез,
Ҳиҷрон на оташест, ки сокин шавад ба об.
Эмин наям зи фитнаи чашмат, ки мекунад
Як инқилоби чашми ту сад гуна инқилоб.
Ин заҳри фурқате, ки чашидам ба ҷойи май,
Сӯзест дар дилам, ки ҷигар мекунад кабоб.
Чун рӯзи ҳаҷр ёди висоли ту мекунам,
Гӯё ки дидаем магар хоби хуш ба хоб.
Дар дӯзах ар насими ту бошад, зиҳӣ наъим,
Дар ҷаннат ар фироқи ту бошад, зиҳӣ азоб.
Носир, дуои хасм магар дар ту кор кард,
Ё Раб, мабод даъвати бадхоҳ мустаҷоб.