Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Зард шуд рӯи ман аз заҳмати бедории шаб,

Зард шуд рӯи ман аз заҳмати бедории шаб, Накашад шамъ чу ман ранҷи гирифтории шаб. Чарх олуда ба хун домани худ ҳар шоме, Ошиқонро кунад огоҳ зи хунхории шаб. Саги кӯят, ки бар ӯ подшаҳон рашк баранд, Бо ман аст он ҳама аз давлати бедории шаб. Ҳамчу умрам шаби васли ту ба зудӣ бигузашт, Дар фироқи ту аз ин буд вафодории шаб. Нолаи зеру бам аз ҳар рагам ояд чун чанг, Гар ҳикоят кунам аз ҳаҷри тую зории шаб. Дар шаби ҳаҷр маро аз рухи худ дур макун, Ки сабукбориям ояд зи гаронбории шаб. Субҳи равшан дамад аз меҳри рухат Носирро, Гар сари зулфи сиёҳат накунад ёрии шаб.