Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Сирри муҳаббат зи дили мо талаб,

Сирри муҳаббат зи дили мо талаб, Ганҷу гуҳар дар дили дарё талаб. Нақши ҷамолаш зи дили мо биҷӯй, Давлати васл аз дари дилҳо талаб. Беҳунару мункири дониш мабош, Мардумӣ аз мардуми доно талаб. Сар макаш аз ростии қадди ёр, Давлату иқбол зи боло талаб. Тирагии сӯфии бедард бин, Равшанӣ аз дурди мусаффо талаб. Дар ду чаҳон ёр нагунҷад зи ҳусн, Ойинаи сурати зебо талаб. Акси рухаш дар дили Носир бибин, Дилбари моро зи дили мо талаб.