Ишқу беморию дарвешию сад таъни рақиб,
Ишқу беморию дарвешию сад таъни рақиб,
Ин ҳама ҷамъу мани маҳҷур танҳову ғариб.
Аз кӣ хоҳам ёрие, чун дӯст бо ман душман аст
В-аз кӣ ҷӯям марҳаме, чун ҳаст дардам аз табиб?
Шамъ дар ҷамъи ҳарифон рафт, аз он парвона сӯхт,
Гул қарини хор шуд, з-он гашт нолон андалеб.
Неш мо хӯрдем аз он нахлу мухолиф нӯш ёфт,
Хор бо мо мерасад з-он нахлу хурмо бо рақиб.
То магас аз хони султон хӯрда халқ инъоми ом,
Аз буруни дар гадоён монда хору бенасиб.
Иди васли ӯ ки мо аз вай баъид афтодаем,
Давлате бошад агар, гардад муяссар анқариб.
Ошиқу маъшуқро маънию сурат воҷиб аст,
Сурати дилбар аҷоиб, маънии Носир ғариб.