Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Эй ба ҳусн аз олами инсон ғариб,

Эй ба ҳусн аз олами инсон ғариб, Зоти инсонӣ бувад з-ин сон ғариб. Ҳаст дар чоҳи занахдони ту дил, Ҳамчу Юсуф дар чаҳи Канъон ғариб. Саф кашида хайли мижгони сиёҳ, Лашкари ҳинду ба Туркистон ғариб. Дар гулу гулшан ба хоб афтодааст Турки маст аз лашкари хоқон ғариб. Чанд гардӣ дар саводи зулфи ӯ, Эй дили мискини саргардон, ғариб. Чун шафақ дар хун нишинад субҳу шом Бе диёру ёру хонумон ғариб. Ҷони ӯро чун ба сад ҷон мехарад, Кай барад аз шаҳри ҷонон ҷон ғариб. Дарди хиҷронро, ки дармонеш нест, Ҳам ба дарди дил кунад дармон ғариб. Аз сари кӯи ту то Носир бирафт, Ҳеҷ пурсидӣ, куҷо шуд он ғариб?
Эй ба ҳусн аз олами инсон ғариб, | Шоирон