Зи мо ҳар лаҳза ранҷидан чӣ таъриб?
Зи мо ҳар лаҳза ранҷидан чӣ таъриб?
Либоси куҳна пӯшидан чӣ таъриб?
Ту медонӣ, ки шӯру фитна дар шаҳр
Зи дасти кист, пурсидан чӣ таъриб?
Рақибо, зулфаш ар сайёд бошад,
Туро бар хеш печидан чӣ таъриб?
Чу кардӣ аз лабат инъом бӯсе,
Ба охир ноз варзидан чӣ таъриб?
Макун, Носир, ба қаддаш нисбати сарв,
Дурӯғе бартарошидан чӣ таъриб?