Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Хизри вақтам, ба вафо зиндаву фориғ зи вафот,

Хизри вақтам, ба вафо зиндаву фориғ зи вафот, Дорам аз чашмаи нӯши даҳанат оби ҳаёт. Хатти ту анбатуллоҳу наботан, ҳасано, Ҳаст бар ҳусн чу бар тунги шакар руста набот. Килки ман аз сифати пистаи шӯрангезат Найшакар гашт, ки сармояи қанд асту набот. Соқиё, сабзхатонро, ки хитоишакланд, Бӯса зан бар лаби ширин ба ҳамон хатту барот. Даври сармастии мо дар рамазон фавт шудаст, Хезу дарбанд миёнро ба қазои мофот. Меҳри рӯят ба маҳи рӯза ҳилоли ид аст, Сифати зардии ораз аразе лозими зот. Бидеҳ он оби ҳаёте, ки зи акси нураш Гард аз чашмаи хуршед барорад зулумот. Бодае деҳ, ки чу Исо ба дами ҷонпарвар, Асари рӯҳ расонад ба рамиму ба руфот. Носир, аз кӯрии душман зи дилу дидаи худ Гӯй бар қуббаи пурнури Муҳаммад салавот.
Хизри вақтам, ба вафо зиндаву фориғ зи вафот, | Шоирон