Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Як рӯз дар кӯи муғон зуннор бандам оқибат,

Як рӯз дар кӯи муғон зуннор бандам оқибат, Гӯям аналҳақ, хешро бар дор бандам оқибат. Гирям чунон, к-аз хуни дил мижгонам олуда шавад, Гулдастаҳои сурхро бар хор бандам оқибат. Резам зи ишқат обрӯ, то хоки роҳат гил шавад, Дар пеши чашми душманон девор бандам оқибат. Ҳар дам зи оҳи сарди худ расвои олам мешавам, Ман бар даҳони хештан мисмор бандам оқибат. Ҳамчун қабо аз зебу фар маъшуқро гирам ба бар, Ҳамчун камар худро ба зар бар ёр бандам оқибат. Гар ҳамчу Носир бо туам рӯзе мулоқот уфтад, Роҳи назар бикшояму гуфтор бандам оқибат.
Як рӯз дар кӯи муғон зуннор бандам оқибат, | Шоирон