Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Чу соқӣ хоми хум дар ҷоми Ҷам рехт,

Чу соқӣ хоми хум дар ҷоми Ҷам рехт, Ту гуфтӣ об бо оташ даромехт. Кумайти бода чун дар гардиш омад, Саманди ақл ҳамчун бод бигрехт. Даруни ҷоми мино бодаи лаъл Чу Рӯинтан, ки бо Рустам даромехт. Чу аз май қатрае афтод бар хок, Миёни сангу оҳан оташ ангехт. Ба ёди ёр Носир ҷуръаи май Ҳамехӯрд аз қадаҳ в-аз дида мерехт.