Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Кофар чӣ гунаҳ карду мусулмон чӣ ибодат,

Кофар чӣ гунаҳ карду мусулмон чӣ ибодат, Дебочаи ишқ аст, касеро чӣ иродат? Чи савмаа, чи майкада, чи дайр, чи кӯҳсор, Чи куфр, чи имон, чи нуҳусат, чи саодат. Дар масҷиди ту, шайхи муқаллид, чӣ дароям, Моро дари майхона бувад ҷойи ибодат. Меҳре, ки дилам бо сари гесуи ту дорад, Аз субҳи азал буд, на аз рӯзи валодат. Ишқи ману ҳусни туву дарёи сиришкам, Ҳар лаҳза фузун гардаду ҳар рӯз зиёдат. Ҳар кас ба ҷаҳон маслиҳате дораду моро Савдои ту пеша-сту ғами ишқи ту одат. Эй турки паричеҳра, ки бурдӣ дили Носир, Бемори ту ҷон медиҳад аз шавқи аёдат.
Кофар чӣ гунаҳ карду мусулмон чӣ ибодат, | Шоирон