Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Он турки сияҳчашм, ки дил бурд ба ғорат,

Он турки сияҳчашм, ки дил бурд ба ғорат, Набвад ба асирон назараш ҷуз ба ҳақорат. Розест миёнаш, ки ишорат натавон кард, Сиррест даҳонаш, ки наёяд ба иборат. Ҳоҷат набувад тир аз он чашм, ки моро Ҷонест ба лаб, омада мавқуфи ишорат. Аз ганҷи ғами ӯ дили обод хароб аст, Чун ганҷи равон аст, нагунҷад ба иморат. Ранҷур шудему қадаме ранҷа нафармуд, Мурдем ба зорию наёмад ба зиёрат. Эй кош, расад муждаи васлат ба асире, То коси шаҳомат занаму кӯси башорат. Акнун майи софӣ ба сабӯ мекашад аз чашм, Сӯфӣ, ки ба ибриқ кашид оби таҳорат. Бо қанди лабаш ҷони маро доду ситад шуд, Ширинтар аз ин дида касе ваҷҳи тиҷорат? Носир зи мубассир гуҳари баҳр баҳо ёфт В-ин гавҳари манзуми ту аз аҳли басорат.