Зи нури меҳри ту дар моҳ тоб аст,
Зи нури меҳри ту дар моҳ тоб аст,
Туро парвона шамъу моҳтоб аст.
Чӣ мепурсӣ хабар аз олами дил,
Зи чашми масти ту олам хароб аст.
Шароб аз хуни мо хурдию моро
Ҷигар дар оташи ишқат кабоб аст.
Зи даври чарх беҳтар гардиши ҷом,
Агар соқӣ маҳу май офтоб аст.
Сари обе талаб, к-ин баҳри пуршӯр
Ба чашми мардуми оқил сароб аст.
Саволи бӯса кардам, зад ба рӯям,
Лабаш бо соилон ширинҷавоб аст.
Туро Носир ба ҳиммат аз Худо хост,
Дуоҳои ғарибон мустаҷоб аст.