Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Хушо вақти риндони ҳушёрмаст,

Хушо вақти риндони ҳушёрмаст, Ки бо ғусса шоданду бо нест ҳаст. Ба маънӣ бузургу ба сурат ҳақир, Ба ҳиммат баланду ба миқдор паст. Шабу рӯз махмури хамри бало, Азал то абад масти ҷоми аласт. Чу наргис зи хони фалак серчашм, Чу ғунча зи мулки ҷаҳон тангдаст. Ба озодагӣ сар кашида чу сарв, Вале монда дар бандагӣ пойбаст. Чу маҳ тобнок аз рухи ҳамчу меҳр, Чу моҳӣ гирифтори зулфи чу шаст. Зи баҳри муроди касон номурод, Ба паймон дурусту ба худ дар шикаст. На чун зоҳидон худпарастӣ кунанд, Агар дурднӯшанд, агар майпараст. Агар Носир аз ҳаҷри эшон бисӯхт, Ҳамин бас, ки чун хор бо гул нишаст.