Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ин дам ҳузури суҳбати ҷонон ғанимат аст,

Ин дам ҳузури суҳбати ҷонон ғанимат аст, Бе бори тан мусоҳибати ҷон ғанимат аст. Эй Юсуфи азиз, зи Мисри дилам даме Берун марав, ки кулбаи аҳзон ғанимат аст. Соқӣ, биёр бодаву булбул, бинол зор, Чун рӯзи сабзаву гулу райҳон ғанимат аст. Эй Носир, ар туро нафасе даст медиҳад, Пеш ор ҷоми бода, ки даврон ғанимат аст.