Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Кӯи ту, эй ҳур, моро ҷаннат аст,

Кӯи ту, эй ҳур, моро ҷаннат аст, Дидани рӯйи ту моро миннат аст. Оқибат рӯзе ба кӯи ту расем, Мурғро пар, одамиро ҳиммат аст. Бода менӯшӣ ту, ман хун мехӯрам, Он хӯрад ҳар кас, ки ӯро қисмат аст. Чун хаёлатро шабе дидам ба хоб, Гуфтӣ аз ҳаҷри ту бар мо раҳмат аст. Гуфт: Берун неҳ зи ишқи мо қадам, Гар туро дар дил умеди роҳат аст. Гуфтамаш: Бар суратат дил бастаам, Гуфт: Ин маънӣ аҷоиб сурат аст. Носиро, ҳар кас надорад сӯзи ишқ, Доғи ин савдо нишони давлат аст.
Кӯи ту, эй ҳур, моро ҷаннат аст, | Шоирон