Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ишқи ту дуррест, к-онро ҷони ошиқ қимат аст,

Ишқи ту дуррест, к-онро ҷони ошиқ қимат аст, Ҳар кӣ натвонист додан қиматаш, беҳиммат аст. Мекунам бе миннате ҷонро нисори рӯйи дӯст, Гар қабул афтад туро, бар ҷони ман сад миннат аст. Ту Суҳайлӣ, то куҷо тобию кай толеъ шавӣ, Нури ту ҳар ҷо ки метобад, нишони давлат аст. Суратат мебинаму ҳайрони маънӣ мешавам, То чӣ маънии латифӣ ту, ки инат сурат аст?! Масти ишқам, мехӯрам заҳри ҷафо бар ҷойи нуқл, Ошиқонро беҳтарин нуқле балову меҳнат аст. Эй ки мебинӣ, ки меорам ба пеши бут намоз, Таъна кам зан, ту намедонӣ маро чӣ нийят аст. Дигар аз Носир ҳадиси ҷаннату дӯзах мапурс, Дӯзахи мо ҳаҷри ёр асту висолаш ҷаннат аст.