Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Маро, ки ҳамчу най аз оҳу нола баргу навост,

Маро, ки ҳамчу най аз оҳу нола баргу навост, Тане чу нол низору қаде чу чанг дутост. Наво зи лаъли ту хоҳам ба бӯса лек нуҳуфт, Агарчи бахт мухолиф шуду наёмад рост. Зи баҳри диданат имрӯз фард меоям, Маро на чашм бар уммеди ваъдаи фардост. Агар ту раҳ ба дили танг мебарӣ, роҳ аст Ба ҷойи дидаи равшан агар нишинӣ, ҷост. Хирад зи фикри миёни ту дар хаёли муҳол, Дил аз тасаввури зулфи ту дар каманди балост. Ба оби дидаи ман кай хати ту биншинад, Чунон ки аз пайи хунрези ошиқон бархост. Агар ту дӯст бигирӣ ба лутф Носирро, Бидон, ки чун сари зулфи ту кори ӯ бар пост.