Биё, ки то асаре аз вуҷуди ман барҷост,
Биё, ки то асаре аз вуҷуди ман барҷост,
Туро чу нури басар дар миёни ҷонам ҷост.
Чӣ ҷойи сарви саҳӣ дар канор чашма бувад,
Даруни чашмат агар ҷой кардаем, равост.
Ҳама ҳидояту лутфу вафо зи ҷониби туст,
Ҳама залолату ҷавру ҷафо зи ҷониби мост.
Мапӯш рӯй, чу бар ту гузар кунад дарвеш,
Ки чашми аҳли басар бар камоли суъни Худост.
Агарчи сарв басе бар ту сарфарозӣ кард,
Надид фоида, чун дасти қоматат болост.
Туро миёнаи ҷон ҷой кардаам чу алиф,
Зи ту чӣ моя ниҳон дорам, ин ҳикояти мост.
Чу турки чашми ту ақлам бидид, гӯша гирифт,
Касе, ки пеши камондор маст рафт, хатост.
Зарурат аст ба сахтӣ миёни бодия мурд,
Аз он ки ғояти пайдои ишқ нопайдост.
Рақиб гуфт, ки Носир зи ишқ сар биравад,
Ба зулфи дӯст, ки дар сар маро ҳамин савдост.