Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дӯш хун аз дида мерондам, сиришкам огаҳ аст,

Дӯш хун аз дида мерондам, сиришкам огаҳ аст, З-он ки ҳар шоме ба болини манаш манзилгаҳ аст. Аз насими хоки кӯят хор дар пойи гул аст, В-аз ҳавои меҳри рӯят тоб дар рӯйи маҳ аст. Шоми ҳаҷри мо ба зулфат рост н-ояд сар ба сар, Ғайри ин васфи дарозе ҳар чи гӯям, кӯтаҳ аст. Қоматам чун тир буду гашт акнун чун камон, Устухоневу пае мондааст, к-аз ғам дутаҳ аст. Гумраҳе донад тариқи ошиқӣ, на раҳбаре, Шермарде бояд ин раҳро, чӣ ҷойи рӯбаҳ аст. Дар гумон будам зи воиз то ба акнун, к-аз шароб Тавба фармудам, яқинам шуд, ки маскин аблаҳ аст. Ҳафт мегӯянд гардунрову нуҳ, мо фориғем, Майпарастонро чӣ ҳосил з-он ки ӯ нуҳ ё даҳ аст! Шаб ҳама шаб нола кардам бар дари ӯ, ходиме Гуфт: Носир, то кай ин фарёд, рав шаб бегаҳ аст.