Гар роҳи ҳарам чун сари зулфи ту дароз аст,
Гар роҳи ҳарам чун сари зулфи ту дароз аст,
Аз Каъба даре бар дили ушшоқи ту боз аст.
То гӯшаи абрӯи ту меҳроби дили мост,
Моро на сари дайру на оҳанги Ҳиҷоз аст.
Як ошиқи покизаназар нест чу Маҳмуд,
В-арна ҳама атрофи ҷаҳон пур зи Аёз аст.
Майле, ки дилам сӯйи ту дорад ба ҳақиқат,
Аз дидаи маънист, на аз рӯйи маҷоз аст.
Аз ҳар ду ҷаҳон қибла сари кӯи ту дорам,
Дар ҷаннату фирдавс чӣ ҳоҷат ба намоз аст?
Дарбоз дилу дин ба дари майкада, Носир,
Май нӯш замоне, ки дари тавба фароз аст.